Пагоҳ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» доир мегардад

Апрель 5, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 5.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ пагоҳ, 6 апрели соли равон  аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар ҷараёни амалишавии ин барнома, ки инчунин дар вилояту шаҳру ноҳияҳо доир  мегардад, ҷиҳати пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)   дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел    Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана  ҳамасола   дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мешавад.

Апрель 5, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид