Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Академия самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот карданд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи хос дорад.
Таъкид гардид, ки бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ, тақвияти бештар ёбад.
Президенти мамлакат аз нашри китоби пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик қаноатмандӣ намуданд.
Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбанд.









Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






