ПОЙГАИ САМАНД. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Апрель 15, 2019 16:58

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба ифтихори  Рӯзи пойтахт 20 апрел, соати 14:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббуси Мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти   давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор  мегардад. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз ҷониби шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.  

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок   ва байни ҳам рақобат  мекунанд.

Бояд зикр кард, ки   мусобиқаи  аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд. Ғолибонро  ҷом, диплом,  ифтихорнома ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.

Ёдовар  мешавем, ки 21 апрели   соли  2018  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе   бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон бо беш аз 80 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр миёни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа дар 8 марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум, ки масофаи 1000 метрро ташкил медод, ғолибият насиби асп бо лақаби «Рамз» аз Шермуҳаммад Шоҳиён гардид. Вақти нишондодаи «Рамз» 1­ дақиқаю 09 сонияро ташкил дод.

Дар марҳилаи дуюм миёни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ асп бо лақаби «Шерхан-дарк» аз Анӯшервони Рустам дар муддати як дақиқаю 40 сония масофаро паймуда, зинаи аввалро ишғол кард. Дар зинаи дуюм асп бо лақаби «Паймон» аз Сомонҷон ва дар зинаи сеюм асп бо лақаби «Горизонт» аз Хуршед Мирзо қарор гирифтанд.

Дар марҳилаи сеюм миёни аспҳои зоти англисӣ, ки дар он Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, бо камтарин тафовут ғолибият насиби аспи Ромиш Умаров бо лақаби «Ваксайд» гардид. Зинаи дуюм насиби «Рахш»-и Анӯшервони Рустам шуд.  Ёдовар мешавем, ки фарқ миёни пешсафи пойга ва «Рахш» ҳамагӣ 0,5 сонияро ташкил дод.

Дар марҳилаи чорум миёни аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ, ки дар масофаи 2000 метр баргузор шуд, асп бо лақаби «Энергетик» аз хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод ғолиб гардид.

Марҳилаи панҷум миёни аспҳои зоти ахалтекини дар масофаи 600 метр гузаронида шуд. Дар ин масофа асп бо лақаби «Торнада» аз Муҳиддин Пиров бо нишондоди 1 дақиқаю 56 сония зинаи аввалро ишғол намуд.

Ғолиби марҳилаи шашум миёни аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр аспи Парвиз Давлатов бо номи «Бомдод» гардид.

Дар марҳилаи ҳафтум дар масофаи 1000 метр миёни аспҳои зоти англисӣ ва ахалтекинӣ аспи Сарвар Қурбонов бо лақаби «Зайтун» ғолиб омад.

Хотиррасон мешавем, ки   дар марҳилаи ниҳоӣ аспҳои сину соли гунонуни зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр сабқат карданд. Миёни 15 аспе, ки дар ин масофа номнавис шуда буданд, асп бо лақаби «Звезда» аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони шаҳри Роғун аввалин шуда, ба марра расид. Ҳамин тариқ ба ғолибоне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  медалу ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Апрель 15, 2019 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад