Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии «Комбинати орди Душанбе» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Инак бо тақозои замон ва дар доираи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ иқдоми таҷдиду муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд.
Таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷудаи “Комбинати орди Душанбе” имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва сарфаи вақт хатҳои истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба кор андохта шаванд ва барои оғози фаъолияти истеҳсолию таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки инфрасохтори мавҷуда ва ҷойгиршавии бинои “Комбинати орди Душанбе” бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯсу гандуми реза мебошад.
Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар “Комбинати орди Душанбе” дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” иттилоъ дода шуд, баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи таҳлилҳо талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе зиёда аз 400 тонна ордро ташкил медиҳад ва тадбирҳои роҳандозишаванда дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Навсозӣ ва таҷдиди корхона барои таъминоти бозори дохилӣ бо орд, инчунин заминагузорӣ ба содироти минбаъдаи он ба кишварҳои ҳамсоя ва бад-ин васила ҷиҳати таҳкими диверсификатсияи маҳсулоти содиршавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд






