Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

Апрель 2, 2019 12:54

ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст.

Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар вақти сохтмон 150 нафар сокинони маҳаллӣ ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 50 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ- роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.

Тарҳи тарабхона намуди киштӣ дошта, лоиҳаи меъмории он аз тарафи ширкати “Суғдшаҳрофар” омода шудааст.

Акнун сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз шароиту имкониятҳои тарабхонаи нав дар соҳили дарёи Сир барои фароғати хеш истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар тарабхонаи ғайриодӣ ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, онҳоро барои идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи киштии рамзӣ - Тарабхонаи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд 02.04.2019Ифтитоҳи киштии рамзӣ - Тарабхонаи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд 02.04.2019

Апрель 2, 2019 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд