Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Роҳи танобӣ» дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор доданд.
“Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи хеле зебою дилписанд барои сайёҳони дохилию хориҷӣ- соҳили дарёи Сир ва Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию диданибоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад ва фароҳам овардани ин гуна шароити зарурӣ барои онҳо аз иқдомҳои наҷиб дониста мешавад.
“Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад.
Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад.
Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини шаҳри Хуҷанд ва дастандаркорони ин иқдом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконоти хизматрасонӣ барои сокинону сайёҳон ва ҷалби шумораи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъкид доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2018 аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 64 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон, ки бештарашон хориҷӣ мебошанд, боздид намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар вилояти Суғд баҳри қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол афзоиш меёбад.









Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






