Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо дӯсту бародар ва ҳамтои худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори хушнудӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як вохӯрии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузорад.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳо, ки бар анъанаҳои бою таърихӣ ва эҳтирому эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтааст, омили муҳими ба сатҳи нави уфуқҳои рушди ҳамкорӣ баровардани робитаҳои ҳасана бар нафъи мардумони ду кишвар мебошад.
Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем.
Дар ҷараёни мулоқот татбиқи санадҳои нави ба имзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус зикр карда шуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Пешниҳод гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.
Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузор кардани “Рӯзҳои фарҳанг” дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон, табодули андеша сурат гирифт.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рафти мулоқот оид ба дигар масаъалаҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд доир карданд.










Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






