Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвари мизбон барои истиқболи самимӣ, даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум изҳори сипос карда, ба ташкили кори ҳамоиши сатҳи баланд баҳои арзанда доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони вохурии сатҳи олӣ ҷиҳати баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва мавзуъҳои робитаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки кишварҳои мо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан ба даст омадаро фарохтар месозад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар махсус таъкид карданд.
Сарони давлатҳо таҳкими ҳамгироии пурсамарро дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ба манфиати кишварҳо зарур шумурданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои воридоти маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Чин, ҷалби сармояи чинӣ барои рушди соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Чин ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи индустриалӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданҳо, баррасӣ карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба он табодули афкори судманд карданд
Дар ҷараёни мулоқот густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, муҳокима карда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.
Барои таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла бо дарназардошти фаъол гардидани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурда шуд.
Имсол Ҷумҳурии Мардумии Чин 70 — солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд ва вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя шукуфоии бештарро орзу намуданд.













Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд






