Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия: «Наҳзатиҳо ва «Гурӯҳи 24» аз қаламрави Туркия бадарға карда шуданд»
ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, чанде пеш ҳайати вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия бо роҳбарии муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов бо даъвати ҷониби Туркия дар шаҳри Анқара қарор доштанд.
Дар доираи сафар мулоқотҳои ҳайат бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп, Раиси Кумитаи саноат, тиҷорат, энергетика, захираҳои табиӣ, илм ва технологияи Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Элиташ ва Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер баргузор гардиданд.
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп зимни мулоқот таъкид намуд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ қаноатбахш буда, Ҷумҳурии Туркия душмани миллати тоҷик ва душмани Ҷумҳурии Тоҷикистонро душмани Ҷумҳурии Туркия меҳисобад.
Инчунин Мустафа Шентоп изҳор дошт, ки созмони террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» бинобар алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм аз қаламрави Туркия ронда шуданд.
Дар ин росто Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқобили созмони мамнӯи Фатҳуллоҳ Гюлен мусбат арзёбӣ намуд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






