Раиси шаҳри Душанбе бо Сафири Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ«Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бениҳоят калон аст.
Иштирокчиёни мулоқот бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки имрӯз шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст, ки ин яке аз омилҳои тавсеаи робитаҳои ҳамкории ҷонибайн маънидод мегардад.
Вохӯрӣ ба таври созанда сурат гирифта, дар он атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.









«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд






