Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард

Апрель 18, 2019 15:59

ДУШАНБЕ, 18.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он 27 апрели соли равон,   аз соати 10:00  то  соати  12:00 ба клуби мотосиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани маъракаи   «Кушодашавии мавсими мотосиклронӣ-2019»  иҷозат дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори мазкур, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорони чорабинӣ Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мебошад. Ҳаракати қатораи иштирокчиён бо ҳамроҳии  автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории  ҷангал»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мотосиклронӣ як намуди варзиши техникӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз дар ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тавре аз Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҳамасола аз ҷониби ташкилоти мазкур дар машқгоҳҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Сарбанду Турсунзода пойгаи мотосиклронӣ доир карда  мешавад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол  теъдоди дастаҳои дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Ҳоло варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, маҳорати хуб нишон медиҳанд. Аз ҷумла, варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии ҷамъияти мудофиавии ҷумҳурӣ  Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов дар Мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд. Иштироки онҳо дар ин мусобиқаи  варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, шаҳодати ба арсаҳои баланди ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони риштаи мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникӣ мотосиклҳои замонавӣ дастрас намудааст. Ҳамчунин мактаби автомобилии ноҳияи Ёвон, мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода ва Клуби вилоятии варзиши техникии вилояти Хатлон  низ мотосиклҳои замонавӣ харидорӣ карданд. Минбаъд дар назар аст, ки шумораи чунин воситаҳои техникии варзишии истеҳсоли муосир афзун карда мешавад.

Дар мусобиқаҳои пойгаи мотосиклронӣ  созмонҳои мудофиавии шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ёвон, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ  иштироки дастаҳои мунтахаби худро пайваста таъмин менамоянд.

Мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ  миёни мухлисон маҳбубият пайдо намудаанд.                                                         

 

Апрель 18, 2019 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид