Рамазон Раҳимзода ва Ҷон Марк Поммершайм муборизаи муштараку самарабахш бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд

Апрель 9, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар асоси созишномаҳои ҳамкории тарафайн дар самти муборизаи муштараку самарабахш бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз вохӯрии баргузоргардида ҷонибҳо изҳори хушнудӣ намуданд.

Апрель 9, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид