Рустами Эмомалӣ бо Фотеҳ Қараманчӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раиси Шӯрои директорони ширкати «Қараманчӣ Холдинг»-и Ҷумҳурии Туркия Фотеҳ Қараманчиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳаки асосии вохӯриро масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ширкати «Қараманчӣ Холдинг» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дод.
Тавре зикр гардид, ширкати номбурда фаъолияти худро дар се самт — саноати нассоҷӣ, тавлиди қубурҳои нахҳои шишагин ва гидроэнергетика ба роҳ монда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон корхонаҳои худро ифтитоҳ намудааст.
Зимни баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ҷонибҳо доир ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қубурҳои баландсифати нахҳои шишагин дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба дигар масъалаҳои мавриди назар дахл намуданд.
Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






