Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз нав Президенти КФО интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз нав Президенти Конфедератсияи футболи Осиё интихоб гардид ва то соли 2023 дар ин вазифа фаъолият хоҳад намуд. Ӯ дар Конгресси навбатии КФО, ки дар Малайзия ба анҷом расид , ба ин мансаб аз нав интихоб шуд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн ба мансаби президенти Конфедератсияи футболи Осиё бозинтихоб шуд.
Интихоби президент рӯзи 6 апрел, дар рафти баргузории Конгреси КФО дар Куала-Лумпури Малайзия сурат гирифт.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 51 сола Конфедератсияи футболи Осиёро аз соли 2013 роҳбарӣ мекунад. Акнун, баъди бозинтихобшавӣ ӯ имкон дорад, ки то соли 2023 Конфедератсияи футболи Осиёро сарварӣ кунад.
Қобили зикр аст, ки Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти ФИФА аз Осиё маҳсуб мебошад.
Дар Конгресси КФО дар Малайзия инчунин Ноибони президенти КФО, аъзоёни Кумитаи иҷроияи КФО ва Шӯрои ФИФА интихоб шуданд.
Ба Шӯрои ФИФА аз КФО инҳо шомил гардиданд: Ду Чжаотсай (Чин), Прафул Пател (Ҳиндустон), Кодзо Тасима (Ҷопон), Мариано Аранета (Филиппин), Сауд Азиз Эл-Моҳаннади (Қатар) ва Маҳфуза Ахтар Қирон (Бангладеш). Инчунин, Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Шӯрои ФИФА Конфедератсияи футболи Осиёро намояндагӣ мекунад.
Дар Конгресси КФО Тоҷикистонро ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи кишварамон Хуршед Мирзо, ноиби президент и ФФТ Алишер Урунов ва Котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов (ДАР АКС) намояндагӣ карданд.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






