«ШАҲРИ ИШҚАМ, ШАҲРИ БАХТАМ, ШАҲРИ АРМОНАМ, ДУШАНБЕ!..». Имрӯз- Рӯзи пойтахти Тоҷикистон

Апрель 20, 2019 10:34

 ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Дар дунё кам шаҳрест, ки бо гирифтани номаш дилҳо равшан шаванду дидаҳо нур ёбанд. Кам шаҳрест, ки ҳар нафари дар он зиста боз ва боз орзуи дидораш кунад. Кам маъвоест, ки ҳар шахси аз обаш нӯшидаву аз ҳавояш нафас кашида,  дар дилаш умеди бозгашт ба онро парварад. Ба чӣ метавон шабеҳ дод ин кашиши хоку обу ҳавои муқаддаси пойтахти азизамонро? Дилбастагии беҳамтои одамонро ба он? Ин кашиш кашишест ошиқона, шабеҳи кашиши дидори дилдодагони дерин, шабеҳи кашиши меҳри фарзанду модар, шабеҳи кашиши дидори дӯсти ҷонӣ…»,-навиштааст зимни нигориши худ ба муносибати Рӯзи пойтахт Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Дар идома ӯ  чунин менигорад:

Соли 1990, бо гурӯҳе дар ҳайати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон тӯли 15 рӯз  дар Амрико будем. Банда бояд дастовезеро ба як нафар собиқ шаҳрванди Душанбе дар шаҳри Ню – Йорк мерасонидам. Вақте ки бо ин мақсад бо ӯ вохӯрдам, ҳама ҳайати мо дар дохили автобусе, ки моро барои тамошои бинои СММ мебурд, ӯро гирд карданд ва байни мо суҳбате ҳассос ба вуқӯъ пайваст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад: вақте ки аз ӯ пурсидем, ки оё Душанберо ёд намекунад, дар чашмонаш ҳамон замон ашк ҳалқа зад. Ӯ гуфт: “Рӯзе нест, ки ёд накунам. Баъзан мехоҳам болу пар барораму сӯйи Душанбе парвоз гирам. Он қадар ёд кардам он муҳит, он маҳалеро, ки дар он мезистам. Бо даст додани фурсат ҳатман аз он дидан мекунам…”

Чунин мисолҳоро метавон хеле зиёд овард, дар Россия, дар Аврупо, дар кишварҳои Арабу Аҷам,  дар ҳама ҷойе, ки бо собиқ сокинони Душанбе вомехӯред, эҳсос мекунед, ки меҳри Душанберо наметавонанд бо гузашти солҳо ҳам аз дил берун кунанд.

Ҳатто онҳое, ки начандон дур аз Душанбе, дар ноҳияҳои худамон зиндагӣ доранд, ё сокинони кишварҳои бародари ҳамсоя, хусусан онҳое, ки дар Душанбе замоне будаанд, ё таҳсил кардаву  зистаанд, имрӯзҳо ба шарофати кушода гардидани дарвозаҳои дӯстӣ, ки ҳосили сиёсати некбинонаи роҳбарони  давлатҳоянд,  хурдтарин имконият ё баҳона ёфта, ба Душанбе меоянд ва аз дидори он хумор мешикананд. Қадам задан дар кӯчаву хиёбонҳои босафои Душанбе, нӯшидани чойи кабуди он, нафас кашидан аз ҳавои муҳити дилпазираш чӣ қадар гуворост. Баъдан, муҳит, муҳити хайрхоҳона, муҳити инсонҳои некботину некманиш, инсонҳои зоҳиран зебо, некмуомила, омода ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, раҳ ба раҳ дидори  гулдухтарони фариштахӯйе, ки аз ҳусну одоб ва чеҳраи хандонашон нур меборад, ҷавонони тозарӯву озода- инҳо ҳама симои нек ва рӯйи дилпазири пойтахти моянд.

Истиқлолият симои Душанберо ба куллӣ дигар кард

Онҳое, ки имрӯз, баъд аз солҳои ҷудоӣ ба Душанбе меоянд, Душанбеи ба куллӣ дигар, сарсабзтару зеботару шукуфотарро меёбанд.

Файзу баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои Душанберо ба куллӣ дигар кард ва ин дигаргунӣ пайваста ҳама кишварро фаро мегирад.  Чӣ ҷойи ҳарф аз хусуси онҳое, ки чандин сол аз Душанбе дур будаанд, вақте ки худи мо — сокинони он имрӯз, агар баъд аз моҳе ба гӯшаи дигари пойтахтамон равем, онро намешиносем.

Биноҳои баландошёнаи наву зебо, кӯчаву хиёбонҳои ба куллӣ аз нав бунёдшуда, боғҳои зебову гулгашту хиёбонҳои нави шукуфову сарсабз, лолазороне, ки мегӯӣ имрӯз аз афсонаҳо ба ин ҷо кӯчида бошанд, ҳама дар якҷоягӣ симои пойтахти азизамонро ба куллӣ дигар мекунанд.

Акнун тасаввур кунед онҳоеро, ки умрашонро дар Душанбе сипарӣ кардаанд, пайванди ҷонӣ бо ин шаҳри пур аз меҳру пур аз сеҳр пайдо кардаанд, хусусан баъд аз он ҳама фоҷиаҳои ҷангҳои бемаънои шаҳрвандии таҳмилшуда, хусусан баъд аз эҳёи тозаи он дар ин рӯзгорони шукуфоиву сарсабзиву созандагиҳои бесобиқа. Бори дигар гуфтаҳои худро мехоҳам такрор кунам:

Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе!
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!

Дар нумӯи ту нумӯям, обрӯят обрӯям,
Шаъну шонат шаъну шонам, ҷони ту ҷонам, Душанбе!

Дар лабонам чун дуоӣ, дар нигоҳам чун зиёӣ,
Муттакои ҳастии ман, қасри имонам, Душанбе!

Душанбе, ин гулафшонат муборак!

Солҳои охир, хусусан дар ду – се соли баъдӣ симои пойтахти азизи мо ба куллӣ дигар шуда истодааст. Дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе имрӯз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ нақшаҳои бузург амалӣ месозад. Дар суханронии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  зимни ҷамъбасти соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019  аз 15 январи соли 2019  доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини  рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ маълумоти комил дода шудааст.

Аз ҷумла, Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахтамон соли сипаришуда 102 адад майдончаи варзишӣ ва 11 адад боғу гулгаштҳои нав бунёд гардиданд. Ба ёдам меояд, ки қариб чаҳор сол пештар як рафиқам ба ман ҳамчун ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арзи дил карда буд, ки бегоҳ баъд аз кор, вақте бо фарзанду набераҳо ба кӯча мебарояд, намедонад кӯдаконро ба куҷо барад. Шикоят карда буд, ки дар маҳалҳо ягон майдончаи шуғли кӯдакон ва ё наврасону ҷавонон вуҷуд надорад.  Аммо, имрӯз, хушбахтона, дар ҳар маҳаллаи Душанбе майдончаҳои варзишӣ, фароғатгоҳҳо барои кӯдакон ва  айвончаву шипангчаҳо барои нишасту суҳбати волидайнашон сохта шудаанду ин иқдом идома дорад.  Худи ҳамин рӯзҳо бунёди  боз ҳафт гулгашту 56 майдончаи варзишиву шуғли кӯдакон идома дорад.

Дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат давоми се соли оянда бунёди иншоот, аз ҷумла 22 адад муассисаи таълимӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, 74 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 24 адад сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 133 адад бинои баландошёна ва таҷдиду рангубори 121 хобгоҳ ва 2224 бино пешбинӣ шудааст.

Имрӯзҳо мо шоҳиди бевоситаи тағйироти шигифтангез дар гӯшаҳои шаҳрамон ҳастем. Дар пеши назари мо дар шафати кӯчаи ба номи Айнии ноҳияи Шоҳмансур биноҳои баландошёна бо тарҳу симои нави ғайримаъмулӣ қомат афрохтаанд, ки ҳузурашон ба шаҳр ҳусни тоза зам кардааст. Мувофиқи нақшаи амалишудаистода, дар ин мавзеъ давоми ду сол дар масоҳати 42 гектар бунёди 50 бинои на камтар аз дувоздаҳошёна барои 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ  шудааст. Дар маҳаллаи собиқи “Олами китоб” биноҳои аз ҳаждаҳ то бист ошёна сохта хоҳанд шуд.

Минбаъд дар маҳаллаи “Ҳаёти нав”-и  Душанбе биноҳои маъмуриву истиқоматии баландтарин дар пойтахт, яъне аз 35 то 40 ошёна  бунёд мегарданд.

Мояи хурсандист, ки дар самтҳои ободонии фаъолияти шаҳрдорӣ, пеш аз ҳама, манфиати наврасону кӯдакон ва ҷавонон ба  назар гирифта шудааст ва далелҳои овардашуда гувоҳи онанд.

Пойтахти ватанамон — Душанберо ҳанӯз дар замонҳои шӯравӣ меҳмонони аз берун меомада  боғшаҳр ном карда  буданд, аммо имрӯз ин шаҳр ба боғистон ва  гулистону бӯстони воқеӣ табдил меёбад. Тамоми гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву паскӯчаҳои он бо ташаббуси шаҳрдорӣ, ҳиммати озодамардон ва сокинонаш сабзу хуррам ва шукуфо мегардад. Ба маврид аст гӯем, ки танҳо ҳамин сол дар Душанбе якуним миллион дона лолаи ҳолландӣ шинонида ва парвариш карда шуд. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллатамон имрӯз дар Душанбе тамоми анвои дарахтон ва гулҳои олам мешукуфанду ба иқлими он мутобиқ мегарданд.

Бо бунёди ин ҳама иншоот баъд аз ду-се сол Душанбеи мо ба яке аз зеботарини шаҳрҳои замонавӣ дар дунё табдил хоҳад ёфт ва ба ин ҳеҷ ҷои шубҳа нест. Аллакай имрӯз садои дӯстони хориҷии мо шунида мешавад:  “Шумо мехоҳед Душанберо ба Дубай табдил диҳед?”

Мо мегӯем: “На, мо Душанберо беҳтар аз Дубай мекунем, зеро он табиати файзбор, рӯдҳои шодобу серун ва чор фасли соли дар як фасл падидорро танҳо дар Душанбеи беназири мо метавон дарёфт”.

Аз ин рӯ таассуроти моро аз ин ҳама созандагиву шукуфоӣ боз ҳам сухани ноби шоирона метавонад баён кунад:

Душанбе, ин гулафшонат муборак!
Биҳишти сабзи домонат муборак!

Ҳама нахлу гули дунё ватан ёфт
Дар ин марзи пурэҳсонат, муборак!

Зи чашми тифлаконат нур борад,
Чароғони фурӯзонат муборак!

Дар ин дунёи ноорому беамн
Чунин амни фаровонат муборак!

Ба хокат дона резад, ишқ рӯяд,
Сиришти ишқафшонат муборак!

Чу дидам, тахти Рустам нест холӣ,
Фари нав дар Самангонат муборак!

Ҷавонӣ бар сари тахти ту  омад,
Фурӯғи нур бар ҷонат муборак!

Ба гардун сар кашида тахту тоҷат,
Ливои бахти тобонат муборак!

Душанбе шаҳри фарҳангу ҷавонист

Яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон фароҳам овардани шароит ва имконият барои парвариши насли наврас ва дастгирии ҷавонон, хусусан пешрафту ободонии соҳаи маориф ва тандурустӣ дар пойтахт аст. Бо ин мақсад навсозӣ ва  таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.  Дар 28 муассисаи таълимии боқимонда барои зиёда аз 20 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ давом доранд. Сохтмони 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 17 муассисаи томактабӣ барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома дорад.

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки пайваста таҳти назорати мақомоти шаҳр қарор дорад, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, сифат ва самаранокии он, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалини тиббиву санитарӣ мебошад. Дар соҳаи тандурустии пойтахтамон 3350 нафар табибон ва 5287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мебаранд. Дар 61 муассисаи тандурустии шаҳр дараҷанокии касбии табибон 93,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 92,5 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо соли гузашта 96 ҳазор беморон  дар беморхонаҳои шаҳр муолиҷа гирифтанд, ки 37 фоизашон аҳолии дигар ноҳияҳои кишваранд.

Имрӯзҳо наметавон симои нозанину озодаи Душанберо нодида гирифт. Сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллатамон нисбат ба бонувони тоҷик натиҷаҳои хуб медиҳад. Бонувони тоҷик пайваста ҳуқуқҳои иҷтимоии худро соҳиб мешаванд. Имрӯз мо дар тамоми идораҳои маъмурӣ, аз дастгоҳҳои ҳукуматӣ то кумитаву вазоратҳо, мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, хусусан соҳаи тандурустиву маориф занону бонувони ҳунарманду соҳибистеъдоди тоҷикро дар фаъолияти пурсамар мебинем. Бо ташаббус ва дахолати бевоситаи Сарвари давлатамон беҳтарин духтарони соҳибистеъдоду соҳибҳунари тоҷик аз дурдасттарин деҳот ба пойтахти ватанамон  бо фароҳам овардани  шароити мутобиқи зиндагиву таҳсил ва  дастгириҳои молиявӣ барои таҳсил ва кор  оварда мешаванд. Самараи ин сиёсат аст, ки ин духтарони Ватан имрӯз дар тамоми гӯшаҳои кишвар ва Душанбеи шукуфон дар сафи пеши соҳаҳои мухталиф фаъолона хизмати халқу Ватан мекунанд ва симои сиёсиву иҷтимоии кишвари моро таҷассуми зебо мебахшанд.

Ҳоло дар пойтахти ватанамон шумораи умумии бонувон ба 396 ҳазор нафар расида, аз ин шумора 62 ҳазор нафар ба касбу кори гуногун машғуланд.

Дар як соли гузашта дар Душанбе 5449 нафар бонувон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба соли 2017  як ҳазору 634 нафар зиёд мебошад. Дар баробари ин аз ҷониби шаҳрдорӣ ба касбомӯзии занону духтарон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 1755 нафари онҳо ба омӯзиши пешаҳо фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои ҳунарии мардумӣ таъсис гардида, 645 нафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудаанд.

Душанбеи азизи мо чун пойтахти фарҳангӣ ҳамеша маҳзари ҷилои  илму маърифат ва  санъату ҳунар буда, дар он чорабиниҳои сатҳи баланди миллӣ ва байналмилалӣ пайваста зуҳур мекунанд ва дар ин самт, хусусан ташкил ва таҷлили чорабиниҳои марбут ба ҷавонон нақши бузург доранд. Соли гузашта бо мақсади татбиқи   сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1587 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 700 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Мояи хурсандист, ки дар пойтахти ватанамон дар ҳама соҳаҳои маъмуриву истеҳсоливу  фарҳангӣ ҷавонон пешгоми фаъолиятанд. Ҷолибтар он зуҳурот аст, ки наврасону ҷавонони пойтахтамон дар озмуну мусобиқоти мухталифи илмиву фарҳангӣ ва варзишии байналмилалӣ сол то сол бештар комёб мегарданд. Дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзида, 1616 нафар соҳиби медали тилло, 1206 нафар соҳиби медали нуқра ва 1240 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Тозатарин хушхабар ин аст, ки чанд рӯз қабл ҷавонони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорони ҷавон, ки дар Малайзия баргузор гардид, аз фанҳои физика ва химия соҳиби Шоҳҷоиза шуда,  7 медали тилло ба даст оварданд.

Аз ҷумлаи чорабиниҳое, ки ба баландбардории сатҳу сифати  таълим, тарбия, покизагии муҳит, маърифат ва фарҳанги пойтахтамон мусоидат мекунанд, озмунҳое мебошанд, ки ҳамасола дар таҷлили Рӯзи пойтахт ҷамъбаст мегарданд. Озмунҳои “Мураббии сол”, “Хонандаи сол”, “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” дар ҷодаи таҳсили хубу аъло, такмили фаъолияти муаллимон ва мураббиён дар таълиму тарбия, саҳми кормандони соҳаи маориф дар самти тарғибу ташвиқи корҳои бунёдкорӣ, ободонӣ, сабзу хуррамсозӣ, шинонидани ниҳолу буттаҳо, ороиши муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нақши боризи худро мегузоранд. Имсол низ барои ҳавасмандсозии ғолибони озмунҳои номбурда аз ҷониби мақомоти шаҳр ҳашт ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Имрӯз симои пойтахти азизи ватанамон-  шаҳри дилрабои Душанбе симои фазлу адаб, илму маърифат, ҳунару санъати миллии мост ва ин беҳуда нест, зеро аз рӯи рисолати худ пойтахти Тоҷикистон бояд таҷассуми  ҳама дастовардҳои миллии мо бошад. Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки симои Душанбе симои мо, сокинони он аст ва баръакс, симои мо, шаҳрвандон симои Душанбеи азиз аст. Аз ин рӯ  сокини пойтахт ё шаҳрванди Душанбе  будан рисолатест  ҳам баланду пурифтихор ва ҳам пурмасъулият. Ва мо ҳаргиз бояд аз ёд набарорем, ки симои пойтахти азизамон дар навбати худ симои дурахшони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мост.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Апрель 20, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд
Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе Фестивали ҳунармандон баргузор мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун баргузор гардид