Суғд: озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд

Апрель 25, 2019 11:48

ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст  ва ғолибони он  муайян  гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал  гардиданд.

Ҳамчунин Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева мақомҳои дуввумро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ишғол намуда, ҷойҳои  ифтихорӣ насиби Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон Хабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов  гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори  умед намуд, ки минбаъд низ олимон  бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат  барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Ғолибони озмун бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Апрель 25, 2019 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд