Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мизи мудаввар дар доираи Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» (Ҷаласаи сеюми сатҳи баланд)

Апрель 28, 2019 07:50

28.04.2019, Чин

Муҳтарам Раис,

Муҳтарам ҳамтоён,

Имрӯз дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои бисёр муҳимро, ки барои Тоҷикистон низ мубрам мебошанд, баррасӣ мекунем. Мехостам шуморо бо баъзе мушкилоте, ки ба мавзӯи ҷаласа марбутанд ва қабули қарорҳои дастаҷамъонаро тақозо мекунанд, шинос намоям:

Якум, масъалаҳои тағйирёбии иқлим. Онҳо барои минтақаи мо низ хеле муҳим мебошанд. Зери таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо дар Тоҷикистон — манбаъҳои асосии ташаккули дарёҳои минтақа мушоҳида мешавад. Дар давоми чор даҳсолаи охир пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтаанд. Дар баробари ин, шумораи офатҳои табиии вобаста ба об зиёд шуд. Онҳо ҳамасола бо вайрон кардани роҳҳо, майдонҳои кишоварзӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ​​ва дигар инфрасохторҳо ба иқтисодиёти мо зарар мерасонанд. Аксар вақт, офатҳои табиӣ сабаби қурбон гардидани инсонҳо низ мегарданд.

Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки ҳамкории кишварҳо дар самти бартарафсозии офатҳои табиӣ тавассути таҳияи чораҳои пешгирикунанда ва ташкили фондҳо барои расонидани кумак ба кишварҳои эҳтиёҷманд тақвият бахшида шавад. Инчунин зарур аст, ки кор дар самти мониторинги пиряхҳо, манбаъҳои барфию дигари обӣ тақвият дода шуда, ҷиҳати ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда тадбирҳо андешида шаванд.

Тавре ман аллакай зикр кардам, бо ин мақсад ҳамчунин зарур аст, ки рушди «иқтисоди сабз», махсусан «неруи сабз» ҳамаҷониба вусъат дода шавад. Ғояи рушди Роҳи Абрешими нав  низ ба принсипҳои рушди иқтисоди «сабз» марбут аст.

Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд ва аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ низ ҷойгоҳи пешсафро дорост.

Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13 000 пирях ва 1 000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд.

Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди «иқтисоди сабз» замина фароҳам меоварад.

Истифодаи муштараки иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти кишварҳои минтақа бо неруи барқ ба таври назаррас баланд гардад, хароҷоти истеҳсоли он коҳиш дода шавад, таҳдид ба муҳити зист ва ҳаҷми партовҳои гази карбон ба атмосфера кам карда шавад.

Масъалаи дуюме, ки мехостам дар доираи ин ҷаласа ёдовар шавам, ин мушкилоти минтақаҳои кӯҳии Роҳи абрешим мебошад. Ин минтақаҳо хусусиятҳои хоси худро дороанд. Расидан ба ҳадафҳои рушди устувор барои маҳалҳои аҳолинишини кӯҳистон нисбат ба татбиқи онҳо дар водиҳо аз ҷиҳати молиявӣ қиматтар мебошад. Масалан, сохтмони ҳар километр роҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва кӯҳистон нисбат ба водиҳо 10 маротиба бештар сармоягузориро талаб мекунад.

Наваду се дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

Бо дарназардошти осебпазирии аҳолӣ ва иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ ба тағйироти глобалӣ ва минтақавӣ ва бо мақсади ҳифзи минбаъда ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ, ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои мардуме, ки дар он ҷойҳо зиндагӣ мекунанд, зарур аст, ки форумҳои мунтазам ташкил карда шуда, фондҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии рушди минтақаҳои кӯҳии кишварҳоямон таъсис дода шаванд.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои корӣ, рушди низомҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо, марказҳои сайёҳиву  фарҳангӣ ва дигар инфрасохтор вазифаи аввалиндараҷа мебошад.

Қаламрави Тоҷикистон барои тамоми Осиёи Марказӣ на танҳо аҳамияти ташаккули иқлимӣ ва обӣ дорад, балки ватани садҳо навъу намудҳои нодиртарини олами набототу ҳайвоноти ҷаҳон низ мебошад. Ҳифзи минбаъдаи ин захираҳои табиӣ вазифаи умумии мо мебошад.

Умедворам, ки ба ин масъалаҳо дар рӯзномаи «Як камарбанд, як роҳ» таваҷҷуҳи хос дода мешавад ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳо оид ба онҳо омодагиамонро изҳор медорем.

Апрель 28, 2019 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷом ёфт
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Озарбойҷон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузоштанд
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд