Таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори се медали тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар 2-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон соҳиби се медали тилло гардиданд.
Тавре раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқаи мазкур ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай аз 12 то 14 апрели соли равон бо иштироки варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир гардид.
Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се варзишгар иштирок карда, соҳиби се медали тилло шуданд. Муниса Ойматова дар вазни -49 кг миёни духтарон, Абубакр Фатҳуллоев дар вазни -49 кг миёни писарон ва Алиҷон Фатҳуллоев дар вазни -26 кг миёни кӯдакон ғолиби мусобиқа гардиданд.
Бояд зикр кард, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро гирифтанд ва зери роҳбарии мураббӣ Шамс Қодиров барои иштирок дар мусобиқаҳои рейтингӣ омодагӣ мебинанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






