Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Москва иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ), ки 5 апрел дар Москва баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин бора имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи навбатии ШВКХ ИДМ 5 апрел дар шаҳри Москва дар қароргоҳи ВКХ Россия, воқеъ дар кӯчаи Спиридоновка, 17 баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласа лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасдиқ намуда, барномаи амал оид ба фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ-ро, ки бо ташаббуси Туркманистон таҳия шудааст, баррасӣ хоҳанд кард. Илова бар ин, муҳокимаи масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, гуманитарӣ ва ғайраҳо дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум гардид, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ШВКХ дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимоамалкунанда дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод моҳи январ тартиб дода шуда, аз ҷониби Раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов тасдиқ гардидааст, ки 10 масъаларо дар бар мегирад.
Дар ҷаласаи хосса мубодилаи анъанавии афкор оид ба масоили ҷории рӯзномаи байналмилалӣ ва баррасии ҳамгироӣ дар доираи ИДМ дар назар аст. Инчунин вазирон лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва масоили фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
Дар ҷаласаи васеъ иштирокдорон масоили марбут ба зарурати нигоҳдорӣ ва нигоҳубини муносиби мазорҳо ва ёдгориҳои низомии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (интизор меравад, ки вазирони корҳои хориҷӣ изҳороти дахлдор ба имзо расонанд) ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи тадқиқоти заминавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Санадҳои дигар, ки пурра ҳамоҳанг гардида, ба густариши ҳамгироии кишварҳои Иттиҳод дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида шудаанд, барои имзо пешниҳод мегарданд.
Давлатҳои аъзои ИДМ тасмим доранд, ки ҳамгироиро дар соҳаи фарҳанг густариш диҳанд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи навбатии ШВКХ ИДМ қабули лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонадорӣ пешбинӣ шудааст.
Санади мазкур аз ҷониби Шӯрои ҳамкории фарҳангии Иттиҳод пешниҳод карда шудааст.
Муҳимият ва зарурати қабули ҳуҷҷат ба ҷой надоштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ, ки дар он ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи осорхонадорӣ мунтазам муайян мешавад, вобастагӣ дорад.
Ҳадафи Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди табодули осорхонавӣ-намоишгоҳӣ дар фазои ИДМ мебошад.
Муаллифони ҳуҷҷат онро ба асос гирифтаанд, ки осорхона муассисаи муҳимтарини ташаккули хотираи таърихӣ, таҳаммулпазирӣ ва қобилияти муколамаи байнифарҳангӣ, инчунин мубодилаи осорхонавӣ-намоишгоҳӣ миёни кишварҳои ИДМ омили муҳими ҳифзи умумияти фарҳангии халқҳо ва заминаи рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод мебошад.
Моддаҳои Созишнома бар меъёрҳои ҳамгироӣ дар самтҳои муҳими осорхонадорӣ, аз ҷумла нигоҳдории муайян ва сари вақт баргардонидани ашёи осорхона, татбиқи лоиҳаҳои муштараки намоишӣ ва барномаҳои илмӣ, ҳамкорӣ дар омоданамоӣ ва баланд бардоштани малакаи кормандони осорхона, табодули таҷриба дар татбиқи технологияҳои муосир дар ташкили намоишгоҳҳо, инчунин дар соҳаи нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ашёи осорхона, омода ва табодули нусхаҳои электронии ашёи осорхона ва ғайраҳо асос ёфтаанд.
Интизор меравад, ки қабули Созишнома ба таҳкими ҳамкории мутақобилаи кишварҳои ИДМ дар соҳаи фарҳанг, ҳифзи анъанаҳои беҳтарини ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонадорӣ ва густариши табодули осорхонавӣ-намоишгоҳӣ дар фазои Иттиҳод мусоидат менамояд.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид






