Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ 22 апрели соли 2019 бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши он ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд.
Дар баробари ин ду ҷониб иқдомоти муштараки минбаъдаи худро дар робита ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро имзо намуданд.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






