Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ 5 май дар Россия мулоқот мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5 май дар Федератсияи Россия мулоқот менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи ҷумъа раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳори назар кард.
«5 май дар Россия мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ баргузор мешавад», — гуфт Лебедев.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аллакай дар ояндаи наздик баргузории як зумра чорабиниҳо таҳти сарпарастии ИДМ, аз ҷумла вохӯрии сарони ҳукуматҳо дар назар аст. «31 май дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ доир мегардад. Дар нимаи моҳи май дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси мо баргузор мешавад, — хабар дод Лебедев. – Тақрибан баъди ду ҳафта ҷаласаи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад ва дар он ҳайати парлумони Ӯзбекистон иштирок хоҳад кард, ки чанде пеш ба он ҳамроҳ шуд».
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин 15-16 май дар Ашқобод Форуми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






