Зоир Раҳмонзода: «Душанбе ба шаҳри зебову дилоро табдил ёфта, мояи ифтихори тоҷикистониён гардидааст»

Апрель 16, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин  санаи муҳим доир ба рушди босуръати пойтахти  тоҷикон дар чанд соли охир  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода   ба АМИТ «Ховар» чунин  ибрози андеша  намуд:

-Душанбе дар худ таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро ҷой додааст. Бозёфтҳои археологӣ ва маъхазҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз дар асрҳои 3 ва ё 4 то мелод, замони аҳди Кӯшониён арзи ҳастӣ кардааст.

Пойтахти кунунии Тоҷикистон аз рӯи маълумоти таърихӣ аз як деҳаи хурде шурӯъ мешавад. Дар ин макон ҳар рӯзи душанбе аз деҳаҳои атроф савдогарону тоҷирон ҷамъ омада, бозору нуқтаҳои маҳсулоти фурӯши ниёзи мардумро ташкил мекарданд. Тавре аз баъзе маъхазҳо бармеояд, бори нахуст номи рустои Душанбе  соли 1676 зикр шудааст.

Таърихи навини шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти тоҷикон аз соли 1924 ибтидо мегирад. Бо такя ба асноду далелҳои мавҷуда шаҳри Душанбе 16 октябри соли 1924  пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.

Шаҳри  Душанбе  дар водии Ҳисор, дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду ҷониби дарёи Душанбе  -қисмати болооби рӯди Варзоб доман густурда, имрӯзҳо  ба яке аз марказҳои бузурги маъмурӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Иқлими Душанбе хушк буда,  аз чор ноҳияи маъмурӣ-Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино иборат  аст.

Мавриди зикр аст, ки Душанбе шаҳри дӯстиву рафоқат буда, дар он дар радифи тоҷикон, ки қариб 90 фоизи аҳолии Душанберо ташкил медиҳанд, инчунин ӯзбекҳо- 6,7%, русҳо – 2,6% ва дигар миллатҳо – 1,2% дӯстона дар асоси арзишҳои ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирӣ кору зиндагӣ менамоянд. Инчунин шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Америка, Африқо ва ИДМ аҳди бародаршаҳрӣ бастааст.

«Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он — шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Ин дурдонагуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ҳар яки моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагиҳо ба шинохти умедхонаи тоҷикон – шаҳри Душанбе раҳнамуну ҳидоят месозад.

Мояи ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ  симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рў ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ  рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст. Аз ҷумла, баҳрабардории иншооти гуногуни маишию хизматрасонӣ, варзишию фароғатӣ, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ бо амфитеатру фаввораҳо, гулгашту, майдончаҳои варзишӣ, таъмиру навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ, сохтмони чорсӯҳои нақлиятӣ ва қомат афрохтан биноҳои боҳашамати истиқоматии замонавиро метавон далели возеҳи чунин шукуфоии пойтахти азизамон давоми ду соли охир маънидод кард.

Дар ин маврид якчанд санаҳои арзишмандеро ёдовар шудан ба маврид аст. Танҳо давоми соли 2018 пойтахти  мамлакатамон мизбони чор ҳамоиши байналмилалӣ, ду конфронси сатҳи баланд ва ду созмони бонуфуз буд.

Шурӯъ аз аввали соли 2017 дар шаҳри Душанбе дигаргуниҳои навину корҳои созандагӣ вусъат ёфтанд. Шаҳри Душанбе  тавассути фаъолияти босамари роҳбарияти он ва заҳматҳои аҳлонаи сокинони сарбаландаш ба дастовардҳои беназир ноил шуда, рушду пешрафти суръатноки он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин мегардад.

Ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ  ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб меравад. Аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳдори ҷавон метавон гуфт, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахти азизамон тавассути иқдомҳои созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди қиёснопазири зистро дар ояндаи начадон зиёди вақт фароҳам хоҳад овард.

Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт дар соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷои аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34travel» бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури  амрикоии «Mastercard» таҳия кардааст. Дар ин раддабандӣ шаҳри Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.

Падидаи дигаре, ки сабаби хушҳолии волидон гардид, ин таъмири пурраи макотиби миёнаи ҳамагонии пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳр ва ба ин васила аз миён бардоштани раванди ҷамъоварии маблағҳои сокинон буданд, ки ин иқдом дар як муддати кӯтоҳи вакт миёни сокинони шаҳри Душанбе ҳамовозӣ ва истиқболи гарм пайдо намуд.

Ба фаъолият шурӯъ намудани мактаби байналмилалии Академияи Кембриҷ дар пойтахти мамлакат қадами нахустин дар самти ин зинаи таҳсилот буда, нуфузу мартабаи ҷаҳонии маорифи миллиро рангинтару устувортар намуд. Маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — аквапарк ё худ парки обӣ, ки 19 июни соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, аз калонтарин парки обии муосир дар ҳудуди ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Мушкили нақлиёт ва хизматрасонӣ ба сокинон яке аз дардҳои кӯҳнаи соҳа ба ҳисоб рафта, дар пайи иҷрои як қатор тадбирҳои иловагӣ  ин монеаҳо ҳалли худро пайдо карданд. Аз ҷумла, ворид намудани автобусҳои хуштарҳу замонавии навъи «АКИА» ва ифтитоҳи корхонаи автобуссозиро метавон намунаи возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти  шаҳр нисбат ба ин соҳа номид.

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе соли 2018 ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Ин муждаи фараҳбахшро 19 апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард.

Ҳамзамон бори нахуст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию  фароғатии «Кӯли ҷавонон» 6 сентябри соли 2018 навъи душвор ва экстремалии варзиш- Флайборд баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдории моро низ аз ин ҳам зиёдтар нишон хоҳад дод.

Болотар аз ҳама, пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт сабаби сарфа гардидани неруи барқ шуд. Ин иқдом дар даври беш аз бистсолаи мушкилоти бебарқӣ омили муҳими аз миён бардоштани маҳдудияти неруи барқ дар саросари кишвар гардид.

Бо таваҷҷуҳ аз истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ  сабаби рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рўз аз рўз ин маҷро раванди тоза касб менамояд.

Апрель 16, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз доданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзӣ баргузор шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ оғоз шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарони вазорату идораҳо оғоз гардид
Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад
Дар Душанбе аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид