Ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амният ва мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ: дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи мавбатии FSC доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2019 дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба мавзӯи ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амният ва мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни муаррифии ҳадафҳои нишасти мазкур, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, раиси FSC Идибек Қаландар таъкид кард, ки таъмини шоистаи амнияти сарҳадот омили муассири муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, аз қабили терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аксари кишварҳои ширкаткунандаи САҲА имрӯз ба он рӯбарӯ шудаанд, мебошад. Дар ин росто, Намояндаи доимии кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба «Изҳороти Душанбе» санади ниҳоии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (Душанбе, 16-17 майи 2019) ҷалб намуд, ки дар он аз кишварҳои узв даъват шудааст, то «амнияти сарҳадотро ба мақсади пешгирии фавҷи террористҳо ва гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳҳое, ки аз ҳисоби ҷинояти фаромиллӣ фоида ба даст меоранд, таҳким бахшанд».
Зимни ҷаласаи умумии FSC Мудири Коллеҷи мудирияти сарҳадии САҲА дар Душанбе Ҷонатан Ҳолланд ва Роҳбари лоиҳаҳои Барномаи мусоидат ба мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Вероника Гончарова, ки ба ҳайси суханварони калидӣ даъват шуда буданд, ба кишварҳои ширкаткунандаи САҲА оид ба лоиҳаву барномаҳои татбиқшуда ва ҷорӣ дар кишварҳои минтақа гузоришҳо ироа намуданд.
Ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, ИМА ва Ҷопон дар назди САҲА аз ворид намудани мавзӯи амнияти сарҳадот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба барномаи раёсати Тоҷикистон истиқбол карда, дастгирии худро дар татбиқи барномаҳои минбаъда дар минтақа таъйид намуданд.
Дар ҷаласа қарори аввалини FSC таҳти раёсати Тоҷикистон зери унвони «Дар бораи механизми ёдраскунандаи Шабакаи иртибототии САҲА» қабул гардид.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






