«Ҷавонон қувваи бузурги созанда буда, ин нерӯро баҳри шукуфоии Тоҷикистон сафарбар бояд кард»,-бардошт аз ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» доир гардид, ки дар кори он олимону муҳақиққон, коршиносон, роҳбарони мақомотҳои давлатӣ ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба иштирокдорон расонид.
Дар ҳамоиш аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қувваи бузурги созанда будани ҷавонон ва зарурати сафарбар намудани ин нерӯ баҳри шукуфоии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯз дар мамлакат бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ҷиҳати донишандӯзӣ, алалхусус омӯхтани илмҳои гуногуни муосир барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошад.
Дар кори конференсия Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Маҳмадзода ва дигарон иштирок намуда, вобаста ба нақшу мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҷавонон изҳори андеша намуданд.
Рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон тақозои таърих ва назари хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷавонон бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд.
Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошанд.
Ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад.
Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи давлатро муайян месозад.
Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дарк намуда, дар ин самт чораҳои судманд андешид, ки ҳоло натиҷаҳои самарабахш оварда истодаанд.
Дар партави ташаббусу ғамхорӣ ва тадбирҳои муҳими роҳбарияти мамлакат, имрӯз ҷавонон ҷиҳати донишандӯзӣ, гирифтани касбу ҳунар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт имконоти калон дошта, тадриҷан ба ҳаёти дурахшон ворид шуда истодаанд.
Ин падида баёнгари таваҷҷуҳ ба таълим, фаъолияти ҷавонон ва такя ба неру ва хирад, бунёдкориву созандагии онҳо буда, аз оғоз то имрӯз ба наҷоти мамлакат аз бунбасту мушкилиҳои зиёд мусоидат менамояд.
Ин нукта зимни маърӯзаи иштирокдорони ҳамоиш баён гардид.








Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






