«Ҷавонони Бадахшон пайрави асили Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Хоруғ роҳпаймоии ҷавонон доир гардид

Май 22, 2019 11:31

ДУШАНБЕ, 22.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ  роҳпаймоии ҷавонони зодаи истиқлоли меҳан таҳти унвони «Ҷавонони Бадахшон пайрави асили Пешвои миллат» баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабинӣ ҷавонони зиёди  муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо ва варзишгарони пачамбардори вилоят фаъолона ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳпаймоӣ аз назди Варзишгоҳи марказии шаҳр то хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ сурат гирифта, дар он беш аз 6 ҳазор ҷавонони шаҳри Хоруғ  иштирок намуданд.

Ҷавонони зиёд бо шиору овезаҳои таҷассумкунандаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, инчунин лавҳаҳои тарғибкунандаи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати  мамлакат  аз хиёбони марказӣ гузашт намуданд.

Сипас, бо иштироки фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар назди  майдони Парчами давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ҳозиринро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояту шаҳр ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфтанд.

Таъкид шуд, ки имрӯз ҷавонони шаҳри Хоруғ дар  тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят дар қатори собиқадорони соҳа кору фаъолият намуда, номбардорони сарзамини тоҷикон мебошанд.

Бо ғамхорӣ аз  дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонони Бадахшон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар  шаҳри Хоруғ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти варзишӣ бунёд гардид, ки  дар тарбияи варзишгарон ва тарғиби тарзи солим мусоидат намуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ бо рақсу бозии ҷавонон ба раҳпаймоии ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳусни анҷом бахшид.

Май 22, 2019 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад