Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 697800 сомонӣ ҷудо гардид

Май 1, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр  697 800 (шашсаду наваду ҳафт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ  барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо намояд. Тибқи қарори мазкур  ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶДҶ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра  кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон),  садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷудо мегардад.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945  роҳандозӣ мегардад.  Тибқи супориши Рустами Эмомалӣ  муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии  шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4 майи соли  равон  месупоранд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе  баргузории  барномаҳои  маърифатӣ-фарҳангӣ  дар назар дошта шудааст.

Май 1, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд