Бори аввал дар Лигаи Аврупо футболбози тоҷик ба майдон мебарояд!
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари 24 солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва КФ «Локомотив»-и Пловдиви Булғория дар мавсими нави футболи Лигаи Аврупо бори аввал бозӣ мекунад. Ин дар ҳоле муайян шуд, ки «Локомотив» дар бозии ниҳоии Ҷоми Булғория бар дастаи «Ботев» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва ҳаққи иштирокро дар бозиҳои Лигаи Аврупо ба даст овард.
Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи шаҳри Пловдив –«Локомотив» ва «Ботев» бо ҳузури 23 000 тамошобин дар дерби барои Ҷоми Булғория ба майдон омаданд, хабар додааст teamfootball.info.
Мутахассисони футбол дар ин рақобат бартариро ба КФ «Ботев» мансуб медонистанд, зеро дар Чемпионати ин кишвар футболбозони ин даста хубтар ҳунарнамоӣ карда буданд. Аммо бозии футбол пешгӯинашаванда асту ҳар гуна фарзиҳоро ботил мегардонад. Шояд аз ҳамин хотир онро миллионҳо мухлисон мепарастанд. Дар натиҷа дар финал роҳиоҳанчиён бо натиҷаи 1:0 ба пирӯзӣ сазовор гардиданд.
Ягона тӯби тақдирсозро Ален Ожболт дар дақиқаи 75 ба нишон расонид ва бори аввал дар таърихаш КФ «Локомотив» соҳиби Ҷоми Булғория гардид.
Парвиз аз аввалин футболбозоне хоҳад шуд, ки аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Лигаи Аврупо бозӣ мекунад. Ӯ соли 2016 аз КФ «Истиқлол» ба «Локомотив» гузашт ва дар ҳайтаи он 84 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 7 тӯб задааст.
Дар Чемпионтаи Булғория боз ду бозингари тоҷикистонӣ ҳунарнамоӣ кардаанд. Искандар Ҷалилов, ки ҳоло дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бозӣ дорад, ба КФ «Дунав» гузашта буд. Аммо баъдан «Балтика»-и Россияро авлотар шуморид ва ба он даста гузашт. Нуриддин Давронов сеюмин бозингарест, ки ба Булғория омадааст. Ӯ ба ҳайати «Дунав» шомил шуд, вале баъдан ба «Истиқлол» баргашт.
Парвиз Умарбоевро падараш Абдулло Умарбоев, ки дар дастаи «Регар-ТадАз» солҳои зиёд бозӣ карда, шарафи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро низ ҳимоя кардааст. Падараш Парвизро дар кӯдакӣ барои маҳорат омӯхатан ба КФ «Рубин»-и Қазон овард. Ҳарчанд Парвиз дар ҳайати асосии ин даста ҷойи худро пайдо накард бошад ҳам барои ҳунарнамоиаш дар дигар дастаҳои Россия роҳ кушод. Дар дастаҳои «Нефтехимик» ва «Химик»-и Россия бозӣ кард. Дар мавсими соли 2015/2016 Парвиз ба ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пайваст. Аз ин ҷо барои ӯ роҳ ба сӯи Аврупо боз шуд ва ӯро КФ «Локомотив»-и Булғория ба ҳайати худ пазируфт.
Парвиз Умарбоевро мухлисон дар Булғория дӯст медоранд . Ӯро гоҳе ба Алексис Санчес монанд мекунанду гоҳи дигар ба Давид Силва, ҳатто бо лақаби «Мессӣ» низ ном мебаранд.
«Силва, Месси, Санчес бозингарони шӯҳратёри ҷаҳон ҳастанд, техникаю истеъдоди онҳо ба ман писанд аст. Хеле шодам, ки мухлисони «Локомотив» маро ба онҳо монанд мекунанд ва ном мебаранд. Аммо то ҳол дар майдон он ҳунаре, ки мухлисон аз ман интизоранд, нишон надодаам. Дар вохӯриҳои оянда ҳатман кӯшиш мекунам, ки ба боварии онҳо сазовор шавам»-гуфтааст Умарбоев дар яке аз мусоҳибаҳояш.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Парвиз Умарбоев 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи футболбоз Абдулло Умарбоев ба дунё омадааст. Аз соли 2016 ба ҳайси нимҳимоятгар дар дастаи «Локомотив» бозӣ мекунад.Номбурда аз соли 2015 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.
Ҳунарнамоиашро аз ҳайати ҷавонони дастаи «Рубин»-и Россия оғоз ва дар 18 вохӯрӣ ширкат намуда, ба дарвозаи ҳарифон 8 тӯб задааст. Ӯ дар ҳайати дастаи асосии «Рубин» дар вохӯрии 1/16-ниҳоии Ҷоми Россия бо дастаи «Енисей» 26-уми сентябри соли 2012 ба майдон омадааст.
Парвиз соли 2013 ба дастаи «Нефтехимик»-и Нижекамск аз «Рубин» ба ҳайси иҷора интиқол ёфта, соли 2014 дар ҳайати дастаи «Химик»-и Дзержинск ҳунарнамоӣ кард. Аввалин бозиашро 10-уми августи соли 2014 бо дастаи Тюмен (3:1) гузаронд.
Ӯ соли 2015 бо дастаи «Истиқлол» шартномаашро ба имзо расонида дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кард.
Мавсуф аз сабаби доштани душаҳрвандӣ ва шиносномаи Россия соли 2012 ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Россия даъват шудааст. Ӯ ҳоло узви дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мебошад ва аввалин вохӯриашро дар муқобили дастаи Яман гузаронидааст.
Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Шри – Ланка муаллифи як гол гардидааст (5:1).
Моҳи майи соли 2015 Парвиз Умарбоев ба дастаи милли Тоҷикистон даъват шуд ва дар нахустин бозиаш бо дастаи мунтахаби Австралия ба майдон омад ва 14 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 5 тӯб задааст.









ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






