Чемпионати Осиё-2019: дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба он омодагӣ дорад

Май 30, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3 ва 4 июни соли равон дар шаҳри Бишкек дастаи   мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 ду бозии рафиқонаро бо тими мунтахаби  миллии Қирғизистон баргузор менамояд.

Дар ин бора  аз Федератсияи футболи  Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019, ки 14-22  июни соли равон дар шаҳри Табрези Эрон доир мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби  футзали  Япония  ва Ветнам рақобат мекунад.

Май 30, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд