Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 50 000 нафар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт 13-умин Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад, дар Дави миллӣ дар пойтахт зиёда 50 000 нафар иштирок намуданд.
Иштирокдорони чорабинии мазкурро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфтанд.
Дар чорабинии мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва дигарон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май, пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва сафи иштирокдорони он сол то сол меафзояд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки дар баробари Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар як сатҳи баланд ва хотирмон доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ дар ин мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

































Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






