Дар Дави миллии шаҳри Ҳисор панҷ ҳазор нафар сокинон иштирок намуданд

Май 20, 2019 13:15

ДУШАНБЕ, 20.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май таҷлил мегардад, 19 май дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи дучархаронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳои варзишӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, наврасону ҷавонон, дар маҷмӯъ беш аз панҷ ҳазор нафар  сокинони шаҳр иштироки фаъолона намуданд.  Дар анҷом ғолибони Дави миллӣ ва дучархаронӣ бо  туҳфаҳо ва сипосномаҳои бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд,  шурӯъ аз соли 2007, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар саросари ҷумҳурӣ  баргузор карда мешавад.  Ҳадаф аз баргузории он  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки  дар шаҳри Ҳисор  дар радифи Дави миллӣ соли дуюм аст, ки мусобиқаи дучархаронӣ дар сатҳи баланд   гузаронида мешавад.

Хотирасон мешавем, ки  шоми 23 май  бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи «Ҷавонӣ» -и шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  баргузор мегардад.

Май 20, 2019 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад