Дар Душанбе оид ба таъмини талаботи бозори меҳнат семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад

Май 14, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи  «Муаррифии умумии таҳсилот ва баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият» семинари омӯзишӣ баргузор мегардад. Семинари мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баргузории чунин семинарҳо аз аввали моҳи апрел ҷараён гирифта, барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе, Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Зимни семинар иштирокчиён бо мақсад ва барномаҳои лоиҳа, шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ва омӯзиш, методологияи навоварии таълим дар асоси салоҳият, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд.

Дар ҷараёни семнарҳои баргузоршуда иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб» корҳои гурӯҳӣ анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии фарогир дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар аз худ намудаанд, равона гардидааст.

Дар назар аст, ки чунин семинари омӯзишӣ 22 майи соли равон низ доир гардад.

Май 14, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»