Дар Душанбе вазъи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ баррасӣ гардид

Май 16, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ,  амниятиву сиёсӣ  ва иқтисодиву  гуманитарӣ баррасӣ гардид.

Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода бо роҳбари Форуми парламентӣ оид ба амният, вакили конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка  Роберт Питтенгер мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду мамлакат  дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  ва  дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, маориф, фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният ва  мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳамкории хуб доранд.

«Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, инчунин атрофи  доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ, андешидани тадбирҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯ сурат гирифт», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки баъди барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёда аз 30 санади дуҷониба ба имзо расиданд.

Май 16, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид