Дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ ва шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо кушода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ноҳияи Муъминобод маркази иттилоотӣ дар назди осорхонаи Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар назди меҳмонхонаи давлатии ноҳия, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шӯрообод ҷойгиранд.
Дар марказҳои иттилоотии сайёҳӣ маводҳои зиёди иттилоотӣ, аз қабилӣ харитаи сайёҳӣ, буклету роҳнамоҳо, роликҳои тарғиботӣ ва як қатор армуғонҳо барои сайёҳон мавҷуд мебошанд.
Ҳамчунин, дар маркази иттилоотии сайёҳӣ дар ноҳияи Муъминобод 6 адад хайма барои сайёҳии куҳӣ ва экологӣ, 4 адад радио ва якчанд адад маводҳои равшанамоӣ мавҷуд буда, сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд аз онҳо истифода намоянд.
Айни ҳол дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият менамоян ва сайёҳоне, ки ба вилоят ташриф меоранд метавонанд доир ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои тамошобоби вилоят аз ширкатҳои сайёҳӣ ва шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Кӯлоб соли 2018 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар назди маркази технологияи иттилоотии китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфт. Марказ бо шабакаи интернет пайваст буда, дар он маълумот вобаста ба имкониятҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ҷой дода шудааст.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Муъминобод бо доманатеппаҳои баҳорону тобистон сабзпӯш, тирамоҳу зимистон барфпӯш ва дорои дарёчаҳои серобу пурталотум, чашмаҳои зулоли шаффофу дармонбахши хеш диққати меҳмонони дохилу хориҷи Тоҷикистонро ба худ ҷалб сохтааст. Ноҳия барои рушди сайёҳии куҳию варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ буда, минтақаҳои «Чилдухтарон» ва «Чашмаи ҷушон» барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат мебошанд. Захираҳои табиии ноҳия хеле бой буда, 138 навъи растаниҳои дорувор, 45 навъи растаниии асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ сабт шудааст. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи куҳҳои баланд паҳн гардидаанд, ки барои рушди сайёҳии шикор имконият фароҳам меорад.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир, бахусус бузи пармашохи «мархур», ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудааст ва мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бештар ба худ ҷалб менамояд.
Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти Ҷум» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа ва ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бузи пармашох ё «мархур», ки дар ҷаҳон калонтарин популятсияи он танҳо дар қаламрави ин мавзеъ боқӣ мондааст, инчунин гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад.
Имрӯзҳо меҳмонону сайёҳон ва шавқмандони сайёҳии шикор аз ин минтақа боздид намуда, аз хизматрасонии меҳмонхонаи «Шикорчиён», ки бо ташаббуси ширкати сайёҳии ҶДММ «Мархур» дар мавзеи Обидараи Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохта шудааст, ба таври васеъ истифода менамоянд.
Дар моҳи феврали соли равон бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ «Мархур» ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» роҳандозӣ карда шуданд.
Хатсайри якум аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳри Норак ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва Душанберо дар бар мегирад. Саёҳати мазкур 9 рӯз буда, барои моҳҳои май – сентябр пешбинӣ гардидааст.
Хатсайри дуюм аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, шаҳри Норак, мамнӯъгоҳи «Хуталон», осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи Дарвоз, Боғи ботаникӣ, осоишгоҳи Гармчашма, қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчунро дар бар мегирад.








Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






