Дар ноҳияи Тоҷикобод 435 гектар заминҳои солҳо бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил мегарданд
ТОҶИКОБОД, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани обу замин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, бо кумаку дастгирии аҳолӣ ва ҳашарҳои умумӣ каналҳои ҳудуди ноҳия, ки солҳо инҷониб таъмирталаб буданд, аз нав таъмиру барқарор гардида истодаанд.
Тибқи иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Тоҷикобод Илҳомуддини Саидҷон, дар ҳудуди ноҳия 11 канал мавҷуд буда, тавассути онҳо 1600 гектар замин обёрӣ мегардад. Айни замон 7 канал, аз ҷумла Сари пул, Дараи Нушор, Фатҳобод, Сабзазор, Сафедоб, Кӯли калон, Кӯли Мирзангӣ дар ҳолати коршоямӣ ва 4 – тои он- каналҳои Капалӣ, Себистон, Дашти боқӣ ва Полезак таъмири пурраро талаб менамоянд.
Дар рӯзҳои баҳорӣ канали 8-километраи Сари пул, ки солҳо боз ба таъмир ниёз дошт, бо истифода аз техникаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳашарҳои умумии мардуми ҷамоатҳои Нушор ва Шогадоев аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Айни замон бо истифодаи техникаҳои ин идора ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар канали Дараи Нушор бо дарозии 19, 5 километр ва канали Сабзазор бо дарозии 14 километр корҳои таъмирӣ идома доранд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик таъмиру барқарорсозии каналҳои Сафедоб ва Кӯли калон низ оғоз гардад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки хароҷоти таъмири каналҳои мазкур аз ҳисоби пули пардохти ҳаққи хизматрасонии об ва шахсони саховатпеша амалӣ мегардад. Дар натиҷаи пурра барқарор шудани каналҳои ҳудуди ноҳия 435 гектар замини солҳо бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил гардида, майдони кишти ғалла, картошка ва дигар зироати полезӣ зиёд мегардад.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






