Дар Шаҳринав байни варзишгарони имконияташон маҳдуд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо доир мегардад

Май 28, 2019 14:24

ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  1 ва 2 июни соли равон дар ноҳияи Шаҳринав  мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ  оид ба гӯштини дзюдо байни варзишгарони имконияташон маҳдуд  доир мегардад.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шуда, дар он беш   аз 70 нафар варзишгарон аз  вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ  оид ба гӯштини дзюдо байни варзишгарони имконияташон маҳдуд  ин дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд, ба ҳам овардани варзишгарон ва ҷалби онҳо ба ин намуди варзиш мебошад.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медал сарфароз гардонида мешаванд.

Май 28, 2019 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад