Дар Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид

Май 31, 2019 14:42

ДУШАНБЕ, 31.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Арманистон Валерий Осипян, Ҷумҳурии Озарбойҷон Усубов Рамил Идрис оғлу, Ҷумҳурии Беларус Шуневич Игор Анатолевич, Ҷумҳурии Қазоқистон Тургумбаев Ерлан Заманбекович, Ҷумҳурии Қирғизистон Джунушалиев Кашкар Астаканович, Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович, Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулат Бобожонов, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркманистон О.Г.Ходжаниязов, директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) Олег Коновалов, намояндаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин як зумра масъалаҳои мубрами ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин Консепсияи ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ  дар давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгардонидани шахсоне, ки бояд маҷбуран хориҷ карда шаванд, муҳокима гардида, дар ин радиф як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд  баён  гардид.

 Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба ҷараёни татбиқи Қарори Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ аз 20-уми июли соли 2018 «Оид ба рафти коркарди лоиҳаи ҳуҷҷат, танзимкунандаи тартиби ягонаи гузаронидани таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ бо дархости мақомоти корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» муфассал баромад намуда, як  зумра  таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои мазкур ҳамчунин қоидаҳои гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи оперативӣ-профилактикии Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ  мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуд.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳокимарониҳо сурат гирифта, қарорҳои дахлор қабул карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон, Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.

Май 31, 2019 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд