Дастаи мунтахаби Бадахшон оид ба волейбол дар сархати ҷадвали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷой гирифт
ХОРУҒ, 18.05.2019 /АМИ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шаҳмирӣ аъзои дастаи мунтахаби Бадахшон оид ба волейболро ба ҳузур пазируфта, барои рушди ин намуди варзиш ва пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба онҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Бояд зикр намуд, ки дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз дастаҳои беҳтарини кишвар мебошад ва дар мусобиқаҳои минтақавию байналамилалӣ низ соҳиби мукофоту ҷоизаҳо гардидааст. Аммо давоми 8 соли охир ба сабаби пай дар пай иваз шудани мураббиёну бозингарон ин даста аз феҳристи пешсафон берун шуд. Сармураббии нави дастаи мазкур Раҳмат Алифшоев гуфт, ки «миёни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бахусус донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ варзишгарони бомаҳорат хеле зиёданд, аммо дар чанд соли охир онҳо дар канор монданд. Мо аз аввали сол ҳамаи ин варзишгарон дар Қасри варзиши шаҳр ҷамъ оварда, моҳе як бор байнашон мусобиқа баргузор намуда, беҳтаринҳоро дар дасати мунтахаб шомил намудем. Ин заҳмати мо натиҷаи хуб дод».
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев дар се моҳи соли равон варзишгарони вилоят дар 6 чемпионат ва 4 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда, сазовори соҳиби 30 медал гардиданд. Яъне 8 медали тилло, 12 медали нуқра ва 8 медали бринҷӣ. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят се Кохи муосири варзишӣ ва зиёда аз 280 майдончаҳои варзишӣ мавҷуд буда, ҳар як ҷавон метавонад, ки ба дилхоҳ намуди варзиш машғул шавад.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






