Дави миллӣ: аз 438 ҳазору 839 нафар иштирокдорони он 121 ҳазору 29 нафарро бонувон ташкил доданд

Май 20, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, дирӯз,  19 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби  тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш  дар саросари мамлакат Дави миллӣ баргузор гардид. Дар қалби Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҳазорон  нафар одамони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо,  идораву муаасисаҳо, инчунин  доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ  дар  макони оғози Дави миллӣ ҷамъ омаданд. Бори аввал масъулони баргузории чорабинии мазкур  мавзеи оғозёбии мусобиқаро иваз карданд, ки он ба дилҳо наздик буду шумораи иштирокдоронро боз ҳам афзуд.

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Абдухолиқзода,  муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода  дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  пайваста нисбат ба  рушди соҳаи варзиш  зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, миннатдорӣ карданд. Зикр гардид, ки Дави миллӣ  бо ташаббуси Пешвои миллат  шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола  якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он  меафзояд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат шумораи иштирокдорони Дави миллӣ  ба 438 ҳазору 839 нафар расид, ки  121 ҳазору 29 нафарро бонувон ташкил доданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе  дар 13-умин Дави миллӣ  зиёда аз  50 ҳазор, дар вилояти Суғд 30 ҳазор, дар вилояти Хатлон   34 ҳазору 270 нафар ширкат варзиданд. Дар дави миллии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 8 ҳазор  нафар калонсолону ҷавонон ва хурдсолону наврасон иштирок намуда, ширкаткунандагон бо раисони вилояту шаҳри Хоруғ Ёдгор Файзов ва Кишвар Шамирӣ аз маҳаллаи «Селхозтехника» то Майдони Исмоили Сомонии шаҳр давиданд.

Май 20, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад