ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз «Кохи Сомон» гузориш медиҳад

Май 17, 2019 09:31

ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таваҷҷуҳи расонаҳои иттилоотии саросари ҷаҳон ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида хоҳад шуд. Соати 9 дар шаҳри  Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ»   ба кори худ оғоз намуд. Дар ҳайати  дусаднафараи журналистони ватанию хориҷӣ, ки ҷараёни ин ҳамоиши муҳимро инъикос менамоянд, хабарнигорони АМИТ «Ховар» низ ҳастанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз маҳалли баргузории конфронс – «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад:

Созмондиҳандагони ин ҳамоиши сатҳи баланд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ ва дигар шарикони байналмилалиянд.

Интизор меравад, ки дар ҳамоиши сатҳи баланд вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, дар маҷмӯъ намояндагони 50  давлати ҷаҳон ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намоянд.

Таҳкими  ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба  муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши сатҳи баланд арзёбӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки ҷараёни ҳамоиши сатҳи баландро беш аз 200 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ инъикос менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон   тӯли солҳои  охир вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, хусусан вазъи сиёсии  бархе аз давлатҳои Шарқи Наздик   ва Афғонистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъол  ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир,  назири  терроризм ва ифротгароӣ  арзёбӣ шуда,  дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари  боэътимоди амниятӣ эътироф гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат  доир ба  афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир гуфта буданд: «Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бояд  ба масъалаи ҷилавгирӣ  аз  терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда  таваҷчҷуи махсус дода шавад. Ҳамзамон ба мақомоти марбутаи мамлакат-  Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия барои такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирии  экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020»  тасдиқ гардидааст, ки он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони  муосир- терроризм ва ифротгароӣ қариб 80 санади байналмилалӣ ва байнидавлатиро ба имзо расонидааст, ки дар таҳкими амният ва суботи  мамлакат, минтақа ва  дар маҷмӯъ ҷаҳон нақши муассир мегузоранд.

Дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардидани ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» бори дигар аз  мавқеи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  самти мубориза бо терроризм, экстремизм  ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ки имрӯз ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардаанд,  шаҳодат медиҳад.

Май 17, 2019 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус