ЭҲТИЁТ КУНЕД! Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз боронҳои чанд рӯзи оянда

Май 19, 2019 09:42

ДУШАНБЕ, 19.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон чанд  шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кўтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгўӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эҳтимол борони бошиддат борида, сел ояд.  Сел худ як омили хатарнокест, ки аз аҳолӣ ҳушёриву зиракӣ ва эҳтиёт мехоҳад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат ва меҳмонон муроҷиат намуда, хоҳиш  кардааст, ки  дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.

«Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед. Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд», — гуфта мешавад дар муроҷиати Кумита.

Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ ва МГ аз сокинони кишвар хоҳиш  кардааст ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон ва сокинони мамлакат ҳамчунин хоҳиш  кардааст, ки  ҳамеша дар ҷараёни хабарҳои КҲФ, ВКД, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошанд.

 АМИТ «Ховар» бошад, ҳамеша ва сари вақт  ба шумо  дар бораи вазъи роҳҳо ва  обу ҳавои кишварамон  маълумоти  дақиқ  мерасонад.    

Май 19, 2019 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд