ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон моҳи июн омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол омодагии худро ба Чемпионати ҷаҳони соли 2022 аз моҳи июн шурӯъ мекунад. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, моҳи июн футболбозони тоҷик ду бозии рафиқона анҷом медиҳанд. Аввалан 7 июн дастаи мунтахаби мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дастаи миллии Афғонистон ва баъдан баъди 4 рӯз дар Гуанҷжоуи Чин бо дастаи мунтахаби ин мамлакат, ки имсол ба даври чорякфинали бозиҳои финалии Чемпионати Осиё- 2019 баромад, қувва месанҷад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Мусобиқаи байналмилалии «Inter-Continental Cup 2019», ки аз 7 то 18 июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд, ширкат меварзад.
Дар бораи кадом мураббӣ дастаи мунтахаби солро ба бозиҳо омода мекунад, хабар дода нашудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






