ФУТБОЛ: Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Полша бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 31 — умин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин аз 4 то 14 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад, иштирок мекунад.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Полша, Қирғизистон ва Россия-2 бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи мунтахаби наврасони Россия-2 ва 10 июн бо дастаи мунтахаби наврасони Полша рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки зери парчами дастаи дуюми Россия тими Санкт-Петербург баромад мекунад. Дастаи мазкур соли гузашта ғолиби ин мусобиқа гардида буд.
Хотирасон менамоем, ки гурӯҳи «А» аз дастаҳои мунтахаби наврасони Булғория, Молдова, Россия, Ҳиндустон ва гурӯҳи «В» аз дастаҳои мунтахаби наврасони Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар бошад, барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё, ки 7 –уми октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор гардида буд, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуда буданд.
Тазаккур бояд дод, ки футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии финалӣ, дар бозии баробар бо дастаи мунтахаби наврасони Япония бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида, зинаи дуюми ифтихориро сазовор гардиданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии ҷумҳуриро рангин намоянд. Ба замми ин, баъди ин муваффақият маротибаи дуввум футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон, ки имсол дар Бразилия доир мегардад, иштирок менамоянд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






