ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо «Кайрат» қувва месанҷад

Май 29, 2019 09:14

ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ — Аҳлиддин Турдиев, ки  дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринии худро идома медиҳад, бо ҳамсолони худ аз дастаи «Кайрат»-и Қазоқистон  қувва месанҷад.   Боз як вохӯрии дигари таҷрибавӣ бо ин даста 31-уми май баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувейт барои ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтан рақобат менамояд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А» аз 14-ум то 22-юми сентябр дар салтанати  Урдун доир мешавад.

Май 29, 2019 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд