Футбол: марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид

Май 20, 2019 12:17

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18 — 19 майи соли равон   марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Пешсафони Чемпионати мамлакат -«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозии охири даври ҳафтум байни ҳам рақобат карданд.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев ин мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Бозии марказии даври охири марҳилаи якум дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –«Хуҷанд» ва «Истиқлол»  сурат гирифт.  Барои дастаи  «Истиқлол» он муваффақона ҷамъбаст гардид ва футболбозони пойтахт бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, бо касби 19 имтиёз марҳилаи авввалро дар ҷои якум ҷамъбаст карданд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Асилҷон Бегимқулов  (1:0, 32 дақиқа, худгол), Эҳсони Панҷшанбе ( 2:0, 75) ва  Аҳтам Назаров (3:0, 79)  ба нишон расониданд.

Баъди бохт дар бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба ҳалли масъалаҳои футболи ватанӣ рӯ оварданд.  Ҳамзамон дастаи «Хатлон» дар майдонаш бо «Панҷшер» қувва озмуда, бо ҳисбои 2:1 пирӯз гардид. Ҳусейн Нурматов (1:0, 11) ва Нуриддин Ҳамроқулов (2:0) аз «Хатлон» ва Саидҷон Шарифов (2:1, 80-ум аз пеналтӣ) аз дастаи «Панҷшер» тӯбҳоро ба номи худ сабт намуданд.

Дар даври ҳафтум бозии дастаҳои «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо натиҷаи мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. «Регар-ТадАЗ»  бошад дар сафар КМВА «Помир»-ро маҷбур намуд, ки бо ҳисбои 2:3 мағлуб шавад. Тӯбҳоро Шерзод Маҳмадиев (0:1, 4), Шодибек Ғаффоров (1:1, 9), Шелдори Акбари Ораш (1:2, 13), Шодибек Ғаффоров (2:2, 30) ва Нозим Бобоҷонов (2:3, 61) вориди дарвозаҳо карданд.

Ба ҳамин тартиб чор вохӯрии даври ҳафтумро 20 ҳазору  500 тамошобин дар варзишгоҳҳо тамошо карданд. Бояд зикр кард, ки мухлисони аз ҳама зиёд   — 8 ҳазору 500 нафар  бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» -ро тамошо карданд. Шумораи умумии голҳо ба 11 адад баробар шуд, ки 5 -тои онро соҳибони майдон ва 7 –тоашро меҳмонон ба самар расониданд. Доварон ба бозингарон 17 корти зардро раво диданд.

Дар маҷмӯъ,  барои тамошои бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 119  ҳазору 900  мухлис ба варзишгоҳҳо ташриф оварданд. 146 маротиба дарвозабонҳо тӯбро аз дарвозаашон гирифтанд. Се  худгол низ ба қайд гирифта шудааст. Нишонзан Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин бозингари мавсими соли гузашта аз дастаи «Истиқлол» ба шумор меравад, ки ба дарвозаи ҳарифон 5 тӯб задааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7.

КМВА  «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 6 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 9 (1:1). Шелдори Акбари Араш, 13 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 30 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 61 (2:3).

Бозингари беҳтарин: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

18 май. Душанбе. Варизшгоҳи Вазорати Мудофиа. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:0

Бозингари беҳтарин: Мӯҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).

18 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Асилҷон Бегимқулов, 32 – худго (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:2). Аҳтам Назаров, 79 (0:3).

Бозинагри беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20-солдагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.

«Хатлон» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Ҳусейн Нурматов, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 21 (2:0). Саидҷон Шарифов, 80 – аз  пеналти (2:1).

Бозингари беҳтарин: Эраҷ Раҷабов («Хатлон»).

19 май. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор». 3500 тамошобин.

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, (ҳар ду аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ.

Май 20, 2019 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад