ФУТБОЛ: санаи бозиҳои даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ва 16 июни соли равон Бозиҳои даври 9- уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футболи «Истиқлол» бо КМВА «Помир», «Хуҷанд» бо «Панҷшер», «Истаравшан» бо «Регар-ТадАЗ», «Хатлон» бо «Кӯктош» байни ҳам бозӣ менамоянд. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Дар бозиҳои даври ҳаштум дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ин вохӯрӣ дар доираи бозиҳои даври 8-уми Чемпионати малакат дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шаҳри Душанбе ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 19-ум легионери дастаи «Хуҷанд» Турсуналӣ Рустамов боз намуд. Аммо қабл аз танаффус Шериддин Бобоев голи ҷавобӣ зада, таносубро барқарор сохт. Зоир Ҷурабоев дар дақиқаи 68-ум бори дигар дарвозаи меҳмононро рахна сохта, пирӯзии дастаи «Истиқлол»-ро дар ин вохӯрӣ таъмин намуд.
Баъди ин ғалаба шогирдони Ҳаким Фузайлов мавқеи ҷойгиршавии худро дар рӯйхат боло бурданд.
Дар бозиҳои даври ҳаштум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо тими КМВА «Помир» бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дод. Дастаи футболи «Кӯктош» бошад, бар тими «Истаравшан» бо ҳисобӣ 3:1 ғолиб омад. Дастаи футболи «Панҷшер» аз ҷониби бозингарони дастаи «Хатлон» бо ҳисоби 3:1 мағлуб гардид.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 19 (0:1). Шериддин Бобоев, 45 (1:1). Зоир Ҷурабоев, 68 (2:1).
«Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир» – 1:1
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (0:1). Ҳасан Рустамов, 38 (1:1).
«Кӯктош» – «Истаравшан» – 3:1
Голҳо: Отабек Каримов, 9 (0:1). Аҳтам Холбоев, 18 (1:1). Мисиам Иносент, 38 (2:1). Муҳиддин Одилов, 71 (3:1).
«Панҷшер» – «Хатлон» – 1:3
Голҳо: Парвиз Ахунов, 34 (0:1). Парвиз Ахунов, 48 (0:2). Алишер Баротов, 59 – (худгол) (1:2). Нуриддин Ҳамрокулов, 85 (1:3).
Нишонзанҳо: Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (аз дастаи «Истиқлол») – 5 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4 .









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






