ФУТБОЛ: санаи бозиҳои даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Май 30, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ва 16 июни соли равон   Бозиҳои даври 9- уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ   баргузор  мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футболи   «Истиқлол» бо КМВА «Помир», «Хуҷанд» бо «Панҷшер», «Истаравшан» бо «Регар-ТадАЗ», «Хатлон» бо  «Кӯктош» байни ҳам бозӣ менамоянд. Ин мавзӯъро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад. 

Дар бозиҳои даври ҳаштум дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ин вохӯрӣ   дар доираи бозиҳои даври 8-уми Чемпионати малакат дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шаҳри Душанбе ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 19-ум легионери дастаи «Хуҷанд» Турсуналӣ Рустамов боз намуд. Аммо қабл аз танаффус Шериддин Бобоев голи ҷавобӣ зада, таносубро барқарор сохт. Зоир Ҷурабоев дар дақиқаи 68-ум бори дигар дарвозаи меҳмононро рахна сохта, пирӯзии дастаи «Истиқлол»-ро дар ин вохӯрӣ  таъмин намуд.

Баъди ин ғалаба шогирдони Ҳаким Фузайлов мавқеи  ҷойгиршавии худро дар рӯйхат  боло бурданд.

Дар бозиҳои  даври ҳаштум  дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо тими  КМВА «Помир» бозиро  мусовӣ  1:1 анҷом дод. Дастаи футболи   «Кӯктош» бошад, бар тими  «Истаравшан»  бо ҳисобӣ  3:1 ғолиб омад. Дастаи футболи  «Панҷшер»  аз ҷониби бозингарони дастаи  «Хатлон» бо ҳисоби  3:1 мағлуб гардид.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 19 (0:1). Шериддин Бобоев, 45 (1:1). Зоир Ҷурабоев, 68 (2:1).

«Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (0:1). Ҳасан Рустамов, 38 (1:1).

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 3:1

Голҳо: Отабек Каримов, 9 (0:1). Аҳтам Холбоев, 18 (1:1). Мисиам Иносент, 38 (2:1). Муҳиддин Одилов, 71 (3:1).

«Панҷшер» – «Хатлон» – 1:3

Голҳо: Парвиз Ахунов, 34 (0:1). Парвиз Ахунов, 48 (0:2). Алишер Баротов, 59 – (худгол) (1:2). Нуриддин Ҳамрокулов, 85 (1:3).

Нишонзанҳо: Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (аз дастаи «Истиқлол») –  5 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  4 .

Май 30, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад