ФУТБОЛ: то анҷоми марҳилаи аввали бозиҳо дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон як даври дигар боқӣ монд

Май 13, 2019 08:58

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ як даври дигар боқӣ монд. Дар вохӯриҳои  даври шашум, ки рӯзҳои истироҳатӣ ҷамъбаст гардиданд,  «Кӯктош» — и  ноҳияи Рӯдакӣ баъди ғалаба бар  «Хатлон» бо натиҷаи 2:0 мавқеашро дар зинаи сеюм мустаҳкам кард. Дар ин баробар «Регар-ТадАЗ» дар майдонаш бо «Истаравшан»  қувва озмуда, бо ҳисоби 0:0 бозиро анҷом дод. Ду бозии дигар-КМВА «Помир»  бо «Истиқлол»  1:4 ва «Панҷшер» бо «Хуҷанд» 0:0 як рӯз пештар хотима ёфтанд.  Аловиддин БӮРИЕВ    шарҳ медиҳад.

Даври шашуми Чемпионати мамлакатро 16 200 тамошобин дар варзишгоҳҳо тамошо намуданд. Аз ҳама зиёд мухлисон дар варзишгоҳи «Нефтянник»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии байни дастаҳои «Кӯктош» ва «Хатлон» ҷамъ омаданд, ки 7 000 нафарро ташкил дод.  Дар маҷмӯъ дар ин давр 7 тӯб ба дарвозаҳо зада шуд, ки ин нишондоди аз ҳама камтарин дар шаш даври Чемпионат мебошад. Доварон ба футболбозон 13 корти зард ва як корти сурх нишон доданд, ки  ин нигаронкунанда аст. Пай дар пай дар ду вохӯрӣ ба футболбозони дастаи «Хатлон» кортҳои сурх нишон дода мешаванд. Дар вохӯрӣ бо дастаи «Кӯктош» Худойдод Узоқов аз майдон бо ҳамин ҷурм ронда шуд.

Баъди даври шашум соҳибони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии мавсими соли 2018 «Истиқлол», «Хуҷанд» ва «Кӯктош» дар се зинаи аввал ҷойгир шудаанд.

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6

«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:0

ГолҳоМуҳиддин Одилов, 25 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 52 (2:0).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Баҳром Уразов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 46), Бунёд Шодиев (Азизбек Султонов, 80), Муҳиддин Одилов (Мунир Давлатбеков, 46), Саидмухтор Азимов, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров.

«Хатлон» (Бохтар): Ҳомидҷон Исоқов, Муҳаммад Насков (Парвиз Ахунов, 60), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов, Эраҷ Раҷабов, Умарҷон Шарифов, Алишер Салимов, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Маҳмадалӣ Содиқов (Гурез Аслонов, 82), Нуриддин Ҳамрокулов.

ОгоҳӣХолмурод Назаров, Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Алишер Салимов, Ҳусейн Нурматов («Хатлон»).

Аз майдон ронда шудХудойдод Узоқов («Хатлон»), 69 – барои зарба задани ҳариф  бо пой.

Бозингари беҳтаринМеҳроҷиддин Музаффаров («Кӯктош»).

Довар дар майдонНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронАбдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссар бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

11 май. Рӯдакӣ. Варзхишгоҳи  «Нефтяник». 7000 тамошобин..

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 0:0

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Саидамири Саидаҳмад, Акбар Бобомуродов, Ҳикматулло Расулов (Ёқуб Ахмедов, 73), Алишер Холмуродов, Сафаралӣ Каримов, Расул Файзов (Фарҳод Холбеков, 79), Шерзод Маҳамадиев, Ҳасан Рустамов (Рамазон Ҳабибуллоев, 19), Акбари Шелдори Араш, Нозим Бобоҷонов.

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Тулқинҷон Умаров (Бахтиёр Абдураҳмонов, 69), Отабек Каримов, Каҳрамон Ҳамидов (Абдураҳмон Қурбонов, 90+5), Ҷамшед Ҳасанов (Насим Расулов, 70), Диловар Бойқузиев, Илҳомҷон Баротов, Абдуқаҳор Қодиров, Бахтовар Зокиров.

ОгоҳӣНозим Бобоҷонов, Рамазон Ҳабибуллоев, Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»), Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Қаҳрамон Ҳамидов («Истаравшан»).

Бозингари беҳтаринШерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Довар дар майдонСайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣЭраҷ Носеҳов (Душанбе).

11 май. Турсунзода. Варзишгоҳи  «ТАЛКО-Арена». 4200 тамошобин.

 Нишозанҳои беҳтарин: Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама аз  «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 4 тӯб.

Даври 7:

18 май

«Истаравшан» – «Кӯктош»

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

19 май

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Панҷшер»

Оғози бозиҳо соати 17:00.

Май 13, 2019 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод