Ходимони ҳуқуқ, илм ва дин: «Ба кӯдакони аз Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда зиндагии арзанда таъмин карда мешавад»

Май 3, 2019 16:26

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакати ҷангзадаи Ироқ ба Ватан баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик, ки чанде пеш сурат гирифт, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР вобаста ба ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи ходимони ҳуқуқ, илм ва динро пурсон шуд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

 

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода

-Кӯдаконе, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд, ҳоло дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон» қарор доранд.

Дар ин осоишгоҳ барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи кӯдакон пурра аз ташхиси тиббӣ гузаштанд ва  рӯзҳои наздик бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд.

Мусаллам аст, ки ин кӯдакон  дар Ироқ дар шароити хеле ногувор қарор доштанд ва дар он ҷо кумаки зарурии тиббӣ намегирифтанд.  Айни замон табибон ва  равоншиносон бо онҳо кор карда, барои тавонбахшӣ ва ба ҷомеа ворид намуданашон тадбирандешӣ намуда истодаанд.

Дирӯз ман ба аёдати ин кӯдакон рафатам. Гуфта метавонам, ки онҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аллакай аз ҳолати вазнини равоние, ки доштанд, баромада истодаанд. Дар маконе, ки ин кӯдакон нигоҳдорӣ мешаванд, тамоми шароит муҳайё мебошад. Сару либоси мавсимӣ, хӯрокворӣ ва ҷойи хоби онҳо таъмин карда шудаанд. Ман, ки бо онҳо суҳбат доштам, метавонам гӯям, ки кӯдакон аллакай ба муҳити имрӯза мутобиқ шуда, худро хуб ҳис мекунанд.

Ҳоло дар пеш барои офиятбахшӣ, ба ҷомеа ворид намудан, муайян кардани шахсият ва хешовандони кӯдакон, ки барои таълиму тарбия ва ба оилаи худ гирифтани онҳо  омодаанд, корҳо давом доранд. Вазорату идораҳое, ки ба ин кор муваззаф гардидаанд, хуб кор карда истодаанд. Метавон гуфт, ки дар пайи андешидани чунин тадбирҳо онҳо дар наздиктарин фурсат дар Ватани худ ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои таъмин намудани манфиат ва шароити зиндагии арзандаи онҳо тадбир меандешад.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ

-Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар кӯдакон, ки дар Ироқ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд. Фикр мекунам ин  иқдоми башардӯстона ва ҷавонмардона мебошад. Зеро Ҷаноби Олӣ бори дигар рисолати таърихии худро нишон дода, ба мардуми тоҷик ва ҷаҳониён исбот намуданд, ки дар ҳақиқат Пешвои миллатанд ва тамоми фарди мамлакат-аз кӯдак то бузург зери назари доимӣ ва сиёсати хирадмандонаи он кас қарор доранд. Тавре борҳо Сарвари давлат таъкид намуданд: «Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».

Бояд гуфт, ки ин кӯдакон низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Онҳо, албатта, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Боварии комил дорам, ки ҳамеша зери сарпарастии роҳбарияти олии мамлакат қарор мегиранд.

Тавре маълум аст, бисёре аз мамлакатҳои олам, ҳатто кишварҳои аврупоӣ низ имрӯз нафаронеро, ки дар ҷангҳо ширкат кардаанд ва бахшиш мепурсанд ва ё бо хоҳиши худ баргаштан мехоҳанд, қабул намекунанд. Вале тавре мебинем, то имрӯз зиёда аз 170 нафар шаҳрвандоне, ки бо роҳҳои гуногун ба ҷангҳо ҷалб гардида буданд, бахшида шуданд ва ба ҳаёти муътадил баргаштанд».

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода

-Ин амал нишони раҳму шафқат, эҳсоси масъулият ва инсондӯстиву ғамхории Пешвои миллат нисбат ба шаҳрвандони мамлакати худ мебошад, ки анҷом доданд. Раҳмдилӣ ва  шафқату меҳрубонии Сарвари давлат нисбат ба шаҳрвандон буд, ки ин кӯдакони бегуноҳ – онҳое, ки волидони ноогоҳашон ба сафи ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваста буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дуруст аст, ки сила кардани сари ятимон, навозиш ва хушҳолу ором кардани онҳо чӣ пайомаде дорад. Тасаввур кунед, кӯдакеро, ки аз падар ё модар маҳрум шуда бошад, бозича медиҳӣ, хап намекунад, шир медиҳӣ, ҳамон, ширинӣ медиҳӣ, ҳамон, ҳарчӣ ки диҳӣ, ором намегирад. Ӯ доду фарёд мезанад, модар – модар мегӯяд. То модар омада, ӯро ба оғӯш нагирад, ором намегирад. Нисбат ба шахсе, ки ин корро анҷом медиҳад, роҳат дар ин дунё ва ҷаннат дар охират насиб мегардад.

Ҳоло бисёр кишварҳое ҳастанд, ки баргардонидани шаҳрвандони дар ҷанг иштирок кардаашонро қабул надоранд.  Мегӯянд, ки онҳо заҳролуд шудаанд ва мо зарурат надорем, зарур намедонем ва иҷозат ҳам намедиҳем, ки ба кишвари мо дохил шаванд ё баргарданд.

Агар хоҳӣ ки Худованд бароят саодатмандӣ насиб кунад, барои саодатмандии дигарон бикӯш.  Худованд мефармояд: «Агар шумо як инсонро наҷот диҳед, саодатманду комёб кунед, мисли он аст, ки тамоми инсониятро комёбу наҷот дода бошед…».

Ин амалкарди Пешвои миллати мо нишонаи раҳму шафқат аст.

Хирадманде мегӯяд: «Агар хоҳӣ ки ҳамеша хонаат, кишварат, миллатат ва давлатат пояндаву  устувор ва мустаҳкаму побарҷо бошад, сари ятимеро сила кун…». Ба ин рафтору ташаббуси Пешвои миллатамон чунин метавонем баҳо диҳем: «Ин аст Ислом ва мусалмонӣ…».

Май 3, 2019 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус