Истиқболи чемпионҳои Осиё Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 30 апрели соли равон варзишгарони маъруфи тоҷик, қаҳрамони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов ба Ватан баргаштанд. Барои истиқболи чемпионҳои кишвар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳаводорон ва мухлисони сершумори варзиши тоҷик бо шиору лавҳаҳои дорои навиштаҷот дар бораи Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов-ин парчамбардоррони миллат аҳсану офарин хонданд. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.
Тавре қаблан хабар дода будем, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Бояд зикр кард, ки Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид. Зинаи дуюм насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Д. Назаров бори панҷум аст чемпиони Осиё мешавад. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа ноил гардидааст. Мавсуф барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё дар соли 2003 низ мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Дар маҷмӯъ варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.
Варзишгари маъруфи дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Япония Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Бояд зикр кард, ки Баҳодур Усмонов таҳти роҳбарии мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.












Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






