«Локомотив — Помир» дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар ҷои аввал аст

Май 14, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Локомотив — Помир» дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон дар ҷои аввал аст. Ин ҳафта дар даври сеюми мусобиқа шогирдони Зайниддин Раҳимов бар «Барқчӣ» –и Ҳисор, ки соли гузашта дар Лигаи олии Чемпионати мамлакат ҳунарнамоӣ мекард, бо натиҷаи 4:1 ғалаба карданд.

Дар вохӯрӣ бо дастаи «Барқчӣ» дарвозабони «Локомотив-Помир»  дар дақиқаи 12-ум баъди зарбаи Умедҷон Рамазонов тӯбро аз дарвозааш гирифт. Баъдан даста бо голҳои Азизбек Ҳасанов (1:1, 21), Ҷонибек Шарифов (2:1, 52),  Рустам Соиров (3:1, 60) ва Парвиз Ҳоҷиев (4:1, 86) бартариро соҳиб шуда,  боз соҳиби се имтиёз гардид ва дар маҷмӯъ бо 9 имтиёз пешсаф аст.

Имсол ҳунарнамоии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ чашмрас аст. Ин даста дар даври сеюм бо «Душанбе-83» мусовӣ (1:1) бозида, бо 7 имтиёз якҷоя бо дастаи «Файзканд»-и Восеъ зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд.

Даври чоруми мусобиқа 16 ва 17 май сурат мегирад.  «Ваҳдат» бо «Исфара», «Шоҳмансур» бо «Дӯстӣ»,  «Файзканд» бо «Равшан», «Ҳулбук» бо « Эсхата»,  «Барқчӣ» бо «Зарафшон», «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» ва «Парвоз» бо «Саройкамар»  қувва месанҷанд.

Нишонзанҳои беҳтарин: Далер Чолов («Равшан») – 5, Азизбек Ҳасанов («Локомотив-Помир»),  Насим Маҳмадқулов («Ҳулбук») – 4 тӯбӣ.

Май 14, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд